Иқтисодиёти Хатлон
Slider

1

Ҳудуди марзию маъмурӣ

Дар ҳудуди марзию маъмурии вилоят 25 шаҳру ноҳия, аз ҷумла 4 шаҳр ва 21 ноҳия ҷойгир шудаанд.

2

Шумораи шаҳраку деҳоти вилоят

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 155 Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз ҷумла 22 Ҷамоати шаҳрак ва 133 Ҷамоати деҳот мавҷуд мебошанд.

3

Шумораи аҳолӣ

Ба ҳолати 1 декабри соли 2018 нуфузи аҳолии вилоят 3 млн. 267,9 ҳазор нафар, аз ҷумла аҳолии шаҳр 591,3 ҳазор нафар ва аҳолии деҳот 2 млн. 676,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла 1 млн. 643,8ҳазор нафар, мард

Аз ҷумла 1 млн. 624,2 ҳазор нафар, зан

4

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ

Дар соли 2018 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 17 млрд. 107,5 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2017-ум 106,8 фоиз таъмин гардид;

Дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ саҳми соҳаҳои саноат 21,4 фоиз, кишоварзӣ 38,6 фоиз, савдо 11,4 фоиз, нақлиёт ва алоқа 8,2 фоиз, сохтмон 8,8 фоизро ташкил медиҳад.

5

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ ба 7,4 миллиард сомонӣ расида, нисбати соли 2017-ум 913 миллион сомонӣ зиёд мебошад (суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 14,3 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 11,5 фоизро ташкил медиҳад).

6

Шумораи корхонаҳои саноатӣ

542 адад буда, дар ин давра 74 адад корхонаю коргоҳ таъсис дода шуд ва нақшаи солона (63 адад) 117,5 фоиз таъмин гардид.

7

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи саноат

Дар корхонаҳои навтаъсиси соҳаи саноат 1101 адад ҷойи кори нав ташкил шудааст, ки баробари 75,2 фоизи нақшаи соли 2018 (1332 ҷой) мебошад.

8

Корхонаҳои фаъолият накарда

Дар соли 2018 аз 542 корхона49 корхона фаъолияти истеҳсолӣ надоштанд.

9

Корхонаҳое, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбати соли 2017 кам кардаанд.

Дар соли 2018 аз 542 корхона 126 корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбати соли 2017 кам кардаанд.

10

Пардохти маблағи нерӯи барқи истифодашуда

Ҳамагӣ 420,2 млн. сомонӣ ё 82,9 фоиз, аз тарафи аҳолӣ 173,6 млн. сомонӣ ё 88,7 фоизро ташкил менамояд. –бақияи қарз ба 568,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла аҳолӣ 267,0 млн. сомонӣ баробараст.

11

Фаъолияти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят

Қарзи субъектҳои хоҷагидор дар назди ИДБЗО аз истифодаи оби полезӣ ба санаи 1 январи соли 2019 ҳамагӣ 72 млн. 847,1 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба 1 январи соли 2018 ба маблағи 7 млн. 524 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст;

Ҳаҷми умумии қарзҳои кредитории ИДБЗО нисбат ба 1 январи соли 2018 ба маблағи 11 млн. 744,7 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, ба санаи 1 январи соли 2019 ҳамагӣ 29 млн. 151,7 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла:

  • қарз аз пардохти музди меҳнат 186,3 ҳазор сомонӣ;
  • қарзи ҳама намуди андозҳо 17 млн. 654 ҳазор сомонӣ;
  • қарз аз истифодаи нерӯи барқ 29 млн. 151,7 ҳазор сомонӣ.

12

Маҳсулоти умумии кишоварзӣ

Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 12 млрд. 837 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбат ба соли 2017 суръати афзоиш 102,5 фоизро ташкил намуд.

13

Иҷрои буҷети давлатӣ

Иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2018-ум ҳамагӣ 100,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1324,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 7,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

14

Намудҳои иҷронашудаи андоз

Дар соли 2018 мувофиқи вилоят 2 намуди андоз – андоз аз арзиши иловашуда -47,4 миллион сомонӣ (84,7%) ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ – 10,5 миллион сомонӣ (96,3%) иҷро нагардида аз ин ҳисоб ба буҷет 57,9 млн сомонӣ ворид нагардид;

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 1 то 6 намуди андозҳо иҷро нагардида, дар маҷмӯъ ба буҷет 98,0 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.

15

Иҷрои андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ

Нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 96,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 267,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 10,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

16

Иҷрои буҷети маҳаллӣ

Нақшаи буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 100 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағ ба буҷет 1 млрд. 18,9 млн. сомониро ташкил намуд, ки аз нақша 2,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

17

Бақияи қарзи андозҳо

Тибқи ҳисоботи пешакӣ ҳамагӣ 172,1 млн. сомонӣ буда, нисбатба аввали соли 2018-ум 12,4 млн. сомонӣ ё ин, ки 6,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

18

Аз он ҷумла, бақияи қарзи андози иҷтимоӣ

Тибқи ҳисоботи пешакӣ ҳамагӣ 67,3 млн. сомонӣ буда, нисбат ба аввали соли 2018-ум 631 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 1 фоиз коҳиш ёфтааст.

19

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ

Дар соли 2018 ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1515,7 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 88,2 фоиз ё 1336,6 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

20

Ҳаҷми гардиши савдои яклухту чакана ва хизматрасонии пулакӣ

Гардиши савдо ба 4 миллиарду 860,5 миллион сомонӣ расида, нисбати соли 2017-ум 369,5 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 8,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба 1 миллиарду 867,2 миллион сомонӣ расида, нисбати соли 2017-ум 68,9 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 9,8 фоизро ташкил медиҳад.

21

Гардиши савдои хориҷӣ

Дар соли 2018 гардиши савдои хориҷӣ ба 368,1 миллион доллар расида, аз ҷумла содирот 162,2 миллион доллар ва воридоти молу маҳсулот 205,9 миллион долларро ташкил дод, ки мутаносибан нисбати соли 2017-ум, содирот 13,6 ва воридот 112,0 миллион доллар зиёд мебошад.

22

Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ

Дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят 30 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, аз ҳисоби онҳо 416,6 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст.

Дар соҳаҳои иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ ба маблағи 1,6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя, аз ҷумла ба маблағи 1,4 миллиард доллари америкоӣ сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ гардида, танҳо дар соли 2018 ба маблағи 73,9 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим ворид гардид. Бештари маблағҳои сармояҳои хориҷӣ ба ноҳияҳои Данғара, Ёвон ва Кӯшониён рост меояд.

23

Соҳаи сохтмон

Дар соли 2018, аз ҳамаи манбаъҳо азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ 2 миллиарду 662,4 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 1 миллиарду 458,9 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ ба маблағи 943,5 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 493,1 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд.

Дар вилоят 239 адад бинову иншоотҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 287,2 миллион сомонӣ, илова бар ин зиёда аз 1686 адад хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 216,0 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.

24

Иншоотҳои ҷашнӣ

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 6060 иншоот пешбинӣ гардидааст, дар соли 2018 бунёди 1163 иншоот ба истифода дода шуд.

25

Соҳаинақлиёт

Дар соли 2018 ҳаҷми боркашонӣ 22,0 миллион тонна иҷро гардида, ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 84,4 миллион нафар расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2017 мутаносибан 2,2 ва 8,9 фоизро ташкил медиҳад.

26

Таъмири роҳҳои автомобилгард

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 55,6 миллион сомонӣ, дар 3664,2 километр корҳои таъмирии роҳҳои автомобилгарди ҳудуди вилоят гузаронида шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 38,6 миллион сомонӣ дар 124,3 километр таъмири асосӣ, 61,8 километр таъмири ҷорӣ, таъмири 25 адад пул бо дарозии 421 метр, 52 адад қубур бо дарозии 358 метр ва сангфарш кардани 415,3 километр роҳҳо гузаронида шудааст.

27

Маориф

Муассисаҳои таълимӣ дар вилоят 1342 адад;

Аз ҷумла таъмирталабу садамавӣ 305 адад, дар хонаҳои шахсӣ 12 адад ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 5 адад; дар умум 322 адад;

Шумораи хонандагон 729061 нафар;

Шумораи омӯзгорон 43888 нафар;

Омӯзгорони ғайри ихтисосе, ки бо таҳсилоти миёнаи Умумӣ фаъолият доранд – 1664 нафар буда, дар Муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсилро идома дода истодаанд;

142 муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла 65 адад таъмирталаб;

Шумораи тарбиятгирандагон 15482 нафар

28

Тандурустӣ

Шумораи муассисаҳои тиббӣ ҳамагӣ 1612 адад

Шумораи муассисаҳои сохтори госпиталӣ 114 адад буда, аз он 3 адад садамавӣ ва 49 адад таъмирталаб мебошад;

Миқдори умумии катҳо 11129 адад;

Шумораи шабакаҳои КАТС (кӯмаки аввалияи тиббӣ -санитари)-и вилояти Хатлон 1091 адад буда, аз он 32 адад садамавӣ ва 180 адад таъмирталаб мебошад;

Шумораи табибон 3671 нафар;

Шумораи кормандони миёнаи тиб 17493 нафар.

29

Ҳифзи иҷтимоӣ

Дар вилоят музди миёнаи меҳнат ба 900,7 сомонӣ баробар буда, нисбати соли 2017-ум 6,7 фоиз афзоиш дорад. (Ин нишондиҳанда дар соҳаҳои саноати истихроҷ - 2001,4 сомонӣ, саноати коркард - 1443,5 сомонӣ, энергетика - 1943,2 сомонӣ, сохтмон - 1304,7 ва коммуналӣ - 1022,0 сомониро ташкил медиҳад.)

Дар вилоят шумораи нафақахӯрон 239,9 ҳазор нафар, ҳисоби миёнаи маблағи нафақапулии онҳо то давраи бозҳисобӣ 259 сомониро ташкил дода, баъди бозҳисоби аз 1 сентябри соли 2018 зиёд гардидани маблағи нафақапулиҳо ба 297 сомонӣ расид (+38 сомонӣ).

30

Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Дар соли 2018-ум, дар вилоят 43610 ҷойҳои нави корӣ аз ҷумла, 11020 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва 32590 ҷой аз ҳисоби шахсонӣ воқеӣ таъсис дода шуда (84,3 фоиз), аз ҳисоби баргузории 280 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2881 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 5734 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд.

Шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018 ҳамагӣ 16818 нафар, аз ҷумла занон 8520 нафар ва ҷавонони аз 15 то 29-сола 11681 нафарро ташкил медиҳанд;

Дар соли 2018-ум 218239 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумламардон 192501 нафар ва занон 25738 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

31

Фарҳанг

Шумораи умумии иншоотҳои соҳа 879 адад буда, аз он садамавӣ 15 адад ва таъмирталаб 50 адад мебошад

32

Иншоотҳои варзишӣ

Ҳамагӣ дар вилоят 3841 иншооти варзишӣ мавҷуд буда, дар соли 2018-ум 1 маҷмааи варзишӣ, 51 майдончаҳои варзишӣ аз намудҳои футбол, волейбол, баскетбол ва 10 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин сохтмони 80 толорҳо ва 300 майдончаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, ки дар 35 толори варзишӣ ва дар 88 майдончаҳои варзишӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст.

Дар соли 2018 варзишгарони вилоят дар 132 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, 582 медали тилло, 564 медали нуқра ва 821 медали биринҷиро ба даст оварда, соҳиби 1967 медал гардидаанд, ки нисбати соли 2017-ум 105 медал зиёд мебошад.

33

Фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1749 иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла 1734 масҷидҳо ва 15 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъолият мебаранд;

Аз шумораи умумии масҷидҳо 19 масҷиди ҷомеи марказӣ, 118 масҷиди ҷомеъ ва 1592 масҷиди панҷвақта мебошанд.

34

Фаъолият дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Дар соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 53134 маъракаю маросим баргузор гардидааст, аз ҷумла:

  • тӯйи домодию арӯсӣ 50656 адад;
  • маросими чил 1304 адад;
  • маросими сол 1174 адад.
  • шумораи ҳолатҳои қонуншиканӣ 157 адад;
  • хароҷоти умумӣ барои баргузории маъракаю маросимҳо 187,4 млн. сомонӣ;
  • хароҷоти миёна барои як маърака 3699 сомонӣ;
  • хатнасури хайриявӣ 1656 нафар;
  • тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ 184 ҷуфт.

Please publish modules in offcanvas position.